Таҷлили Рўзи забон дар Тоҷикстандарт

Октябрь 6, 2011 17:27

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои қаблӣ 5 октябри соли равон дар бинои агентӣ бо иштироки 172 нафар кормандони мақомот конфронси илмӣ-бадеӣ доир намуд. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаббачагон низ иштирок доштанд.Муовини аввали директори «Тоҷикстандарт» И. Қурбонов дар  мавзўи «Забон — бақои миллат» ва сармутахассиси шўъбаи таҳқиқи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Муродов перомуни рушди забони давлатӣ дар замони истиқлол сухан гуфтанд.Як ҷиҳати ҷолби ин чорабинӣ он буд, ки аксари нотиқонва музокирачиён, аз қабили намояндаи институти физика ва техникаи Олмон Франк Шмидт, инчунин  якчанд кормандони агентӣ аз ҷумлаи намояндагони ғайритоҷик бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтанд.

Октябрь 6, 2011 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад