Тайёрӣ ба бозиҳои навбатӣ

Октябрь 4, 2011 15:57

Душанбе,  4-октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол тайёрии худро ба бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон бо Ҷопон, ки рӯзи 11-октябр дар варзишгоҳи «Нагай»-и Осака барпо мегардад, дар шаҳри Қайроққум идома медиҳад. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи миллии кишварамон Олимчон Рафиқов ин навбат бозингарон Юсуф Рабиев, Нӯъмон Ҳакимов, Одил Эргашев, Фарҳод Тоҳиров, Сафаралӣ Каримов ва Алишер Додовро ба маъракаи тайёрӣ даъват накард. Ҳамлагари дастаи ССКА «Помир» Комил Саидов ва дарвозабони «Энергетик» Миралӣ Муродов ин навбат ба ҳайати даста шомил шуданд. Ёдрас мешавем, ки дар гурӯҳи «С» баъди 2 бозӣ дастаи Ӯзбекистон ва Ҷопон бо 4 имтиёзӣ пешсафанд.  

Октябрь 4, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад