Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ
Кӯлоб, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бино ба иттилои директори мактаб – интернати хонандагони лаёқатманди ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ Сайидшо Латифов, масъулин ба зимистонгузаронӣ омодагирӣ дида, то ин муддат 15 тонна ангишт, 48 мукааб метр ҳезум, 5000 тонна сӯзишворӣ, 10 адад печи барқӣ ва 4 адад муҳаррик захира кардаанд, ки барои зимистонгузаронӣ басанда мебошад. Ба гуфти ӯ дар мактаб – интернат 310 хонанда таҳсил карда, 25 нафарашон духтарон мебошанд. Мавриди зикр аст, ки аксари хонандагон аз ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Темурмалик, Кӯлоб, Балҷувон, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон буда, бо шароити лозимии таҳсил таъмин мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






