Такмили ихтисос тавассути Барномаи махсус
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 33 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тариқи Барномаи махсус курсҳои тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд.Барномаи мазкур, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҳия шудааст, тавассути муассисаҳои таълимии касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии касбӣ амалӣ гардонида мешавад.Хусусан, тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълими касбии системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират беш аз 9 ҳазор нафар, бо роҳи худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таълими касбии система ва дигар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 15 ҳазор нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта ва малакаи касбии беш аз 7 ҳазор нафар шаҳрванд ва муҳоҷири меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуд.Инчунин, беш аз 1200 нафар тавассути марказҳои таълимии намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ва 270 нафар дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






