«Таъсиси Хадамоти ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон»
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Таъсиси Хадамоти ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон» 5-умин Анҷумани ҷарроҳони Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси муштараки Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ ташкил шуда, ба фаъолияти Хадамоти ҷарроҳони Тоҷикистон тайи 20 соли Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд. Пеш аз оғози Анҷуман дар долони Донишгоҳ намоиши таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти фармасевтии ширкатҳои ватанию хориҷӣ доир гардид.Дар кори Анҷуман Вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов, инчунин 300 ҷарроҳ ва олимони бахши ҷарроҳии шаҳру вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонон аз Русия, Эрон ва Афғонистон ширкат варзиданд.Дар анҷуман масъалаҳои муҳими марбут ба ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии таъҷилии ҷигар, ғадуди зери меъда, истифода аз технологияи муосир ҳангоми ҷарроҳӣ баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






