Тавонгар: «Форс» фарзанди содиқи Эрон аст»
Дар доираи нахустин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби хабаргузории «Форс»-и Эрон муддати панҷ рӯз дар Душанбе барои намояндагони расонаҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, сардабири хабаргузории «Форс» Аббос Дарвеш Тавонгар дар маросими ифтитоҳи он иштирок дошт. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба фаъолият ва ҳамкорию дурнамои хабаргузорӣ сӯҳбате анҷом додааст бо Аббос Тавонгар, ки фишурдаашро пешниҳоди хонандагони арҷманд мегардонем: Ҷаноби оқои Тавонгар, чун Шумо бори нахуст аст, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаед, таасуроти Шумо аз сарзамини Тоҷикистон чӣ гуна аст? Тоҷикистон як сарзамини бисёр зебост ва хаёл кардам, ки дар канори хешовандонам ҳастам. Тоҷикистон кишварест, ки бо Эрон сарнавишт, таърих ва фарҳанги муштарак дорад ва ин ду миллати бузург шохаҳои як дарахти азимест. Тоҷикистон сарзаминест, ки дар он садҳо нафар нобиғаҳои бузурги башарӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, ба камол расидаанд ва дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши арзишманде гузоштаанд. Ин ду сарзамин- Тоҷикистону Эрон дорои фарҳанг ва ифтихороти муштараканд. Устодони бузурги шеъру адаби форсӣ, ба мисли падари шеъри форсӣ-Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Форобӣ, ки аз пайвандони ин сарзаминанд, мояи тафохури натанҳо мо форсизабонҳо, балки ҷаҳониён ҳам ба шумор меравад. Ҳама он эҳсоси самимият ва он рӯҳияе, ки миллати Эрон дар меҳмоннавозӣ, муҳаббат, сидқу сафо ва самимият доранд, тамоми ин вижагиҳо ва фазилатҳои неки инсониро ман дар мардуми тоҷик дидам. Хабаргузории «Форс» дар Эрон чӣ ҷойгоҳе дорад? Хабаргузории «Форс» дар байни 24 хабаргузории мустақили Эрон қутби аввалро ба лиҳози бинанда дорад. Хабаргузории «Форс» ба таври мутавассит дорои 400 ҳазор бинанда дар як рӯз дар интернет аст. Беш аз 35 % ахбори рӯзномаҳо, 40 % ахбори садою симо ва беш аз 50 % ахборе, ки дар сайтҳо интишор мегарданд, мутааллиқ ба хабаргузории «Форс» аст. Алъон «Форс» хабаргузории аввали Эрон аст аз лиҳози муштариён ва саҳми бештарро дар ҷиҳат додан ба афкори умумӣ дорад ва дар ташаккули фазои иттилоотии Эрон нақши муҳим мегузорад. «Форс» дар кадоме аз кишварҳои ҷаҳон намояндагии худро ифтитоҳ намудааст? Дар зиёда аз 10 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорем, дар воқеъ ба далели ин ки сиёсатҳои мо аз сиёсати кишварҳои ғарбӣ мутафовит аст ва бо бархе аз кишварҳои ғарбӣ, ки даргириҳои хасмона нисбат ба мо доранд, мо бо онҳо мустақиман иртибот надорем. Вале дар кишварҳое, ки лозим ва зарурӣ мебинем, дафтар ва ё намоянда дорем. «Форс» дар Амрико, Фаронса, Британияи Кабир хабарнигор дорад. Дар Бейрут дафтари марказии хабаргузорӣ аст, ки тариқи он таҳаввулоти Фаластин, Миср, Сурия, Урдун ва дигар кишварҳои Ховари Миёна зикр дода мешавад. Тавассути дафтари Машҳад ва Душанбе бошад кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ҳамчунин Покистон, Ҳинд ва Сингапурро фаро гирифтаем ва дар ин кишварҳо хабарнигор дорем. «Форс» омода аст, дар оянда дар баъзе аз кишварҳои дигари ҷаҳон намояндагии худро ифтитоҳ созад то мардум имкони дастрасӣ ба иттилооти алтернативиро дошта бошанд. Зеро имрӯз дар ҷаҳони иттиллот беш аз 75 % ахбори ҷаҳон дар ихтиёри панҷ хабаргузорӣ, амсоли UNITED-PRESS ASSOSIATED PRESS, FRANCЕ-PRESS , REUTERS ва ғайраҳост. Оё «Форс» алоқаманди ҳамкорӣ бо хабаргузориҳои Тоҷикистон ҳаст? Бале, хабаргузории «Форс» омода аст бо хабаргузориҳои кишвари Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мубодилаи ахбор ва хабарнигор намояд. Дар ин замина мо омода ҳастем қарордоде имзо намоем. Орм ё худ логотипи хабаргузории «Форс» чӣ рамзро дар худ таҷассум намудааст? Логотипи хабаргузорӣ ба сурати ҳарфи «фо»-и форсӣ тарроҳӣ шуда, ва кулли тарҳ амволи мудаввари обро нишон медиҳад, ки ба масобаи яке аз қобилиятҳои хабар, яъне эҷоди амвоҷ ва ҳаракат дар ҷомеа аст. Ранги обии арғувонӣ, ки дар он таҷассум шудааст, аз рангҳои асили эронист, ки дар ҳунари меъморӣ дар Эрон бештар истифода мегардад. Нуқтаи «фо»- ки бо ранги норинҷӣ интихоб гардидааст, аз зардии хуршед гирифта шудааст. Унвони хабаргузории «Форс», ки дар логотип ҷойгир аст, аз ҷониби устод Ғуломмӯҳсини Амирхонӣ, ки аз устодони барҷастаи муосири ҳунари хушнависӣ дар Эрон аст, ба манзури посдошти фарҳанги асили форсӣ навишта шудааст. Хабаргузории «Форс» бо кадом забонҳои дунё хабар мунташир мекунад? Оё хабарҳо бо ҳуруфоти сириллик таҳия мегарданд? Хабаргузории «Форс» бо забонҳои форсӣ, англисӣ, арабӣ, туркии истамбулӣ хабарҳо мунташир менамояд. Тасмим гирифтаем, ки дар зарфи як соли оянда саҳифаҳои сириллики тоҷикӣ ва инчунин русиро роҳандозӣ намоем. Инчунин, таҳия ва пахши хабар ба забони испанӣ низ дар дастури корамон ҳаст. «Форс» чӣ теъдод корманд дорад ва таъмини молии хабаргузорӣ аз чӣ роҳе анҷом мешавад? Хабаргузорӣ дорои дастгоҳи мухталиф: истеҳкомӣ, таҳрирӣ, ҳаққу таҳририи муштарак, ҳаққу таҳрири ғайримуштарак буда, маҷмӯи умумии кормандони онҳо ба 200 нафар мерасанд. Ҳудуди 100 нафар дар бахши таҳриррия ва 100 нафари дигар дар бахши ғайритаҳриррия фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ «Форс» 300 нафар мутахассис дорад, ки қисме аз онҳо мутобиқ ба хабаргузорӣ ҳастанд ва қисми дигарашон бо мо ҳамкорӣ доранд. Дар мавриди роҳҳои таъмини манобеи молии хабаргузорӣ аввалан сарпарастҳое ҳастанд, кӣ ба мо кӯмак мерасонанд. Ғайри аз ин ахбор ва матолиби вижа ва хос таҳия менамоем ва онро мефурӯшем. Инчунин, аз ҷониби хабаргузорӣ дар асоси қарордодҳо ҳамоишҳо, семинарҳо ва давраҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Оё дар идомаи давраи омӯзишие, ки дар Душанбе доир намудед, барномае доред, ки теъдоде аз хабарнигорони тоҷик даъват шаванд ба Эрон ба хотири ин ки бо фазои хабарнигорӣ ва матбуотии кишвари Шумо ошно бигарданд? Иншоллоҳ, дар ин масъала намояндагии хабаргузории «Форс» дар Тоҷикистон 10 нафар аз хабарнигорону рӯзноманигоронро пешниҳод мекунад, то ҳам аз Эрон боздид дошта бошанд ва ҳам бо фаъолияти хабаргузории «Форс» аз наздик ошно гарданд. Дар мавриди нақши расонаҳо, бахусус хабаргузориҳо дар муаррифии тавонмандиҳо, таърих, фарҳанг ва муштаракоти ду кишвар-Тоҷикистону Эрон чӣ ҷойгоҳеро мебинед? Имрӯз дунё дунёи расона ва ҷанги нарм аст. Дар шароити кунунии ҷомеаи башарӣ расонаҳо нақши муассир доранд. Расонаҳо имрӯз метавонанд корҳои фавқулоддаро анҷом бидиҳанд, яъне афкори умумии ҳар ҷомеаро шакл бидиҳанд. Ҳақиқатнигорӣ барои расонаҳо муҳим аст. Масалан, беарзиш ҷилва додани як рӯйдоди арзишманд ва ё баръакс, бузург муаррифӣ кардани як амри хурд метавонад афкори умумӣ ва нигоҳи ҷомеаро ба таври ғайривоқеъӣ шакл бидиҳад. Ба ин далел аст, ки мо расонаҳои ғарбиро намепазирем, зеро онҳо умдатан бо шиори бетарафӣ хабар пахш менамоянд, ба таври бисёр ҳирфаӣ дар бозтоби таҳаввулот мудохила ва дасткорӣ мекунанд. Бинобар ин ҳамкориҳои наздиктари расонаҳои Эрон ва Тоҷикистон метавонад ба шинохти мардуми ду кишвар бо воқеъиятҳои якдигар кӯмак кунад, то мо барои дарёфти ахбору иттилоъ дар бораи ҳамдигар ба манобеи дигар камтар муроҷиат кунем. Ташаккур барои сӯҳбати пурмӯҳтавоятон! Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».