Терроризму ғоратгарӣ содир нашуд
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Аз рӯзи рӯи кор омадани Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи барномаи мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015» 3 сол сипарӣ гардид. Дар ин давра ҷиҳати иҷрои ин қонун корҳои назаррасе сомон дода шудаанд. Тавре сардори Раёсати корҳои дохилаи ВМКБ Юсуф Назаршоев иттилоъ дод, дар ҳамбастагӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ ва навоҳӣ роҷеъ ба таъмини амнияти иншоотҳои махсусан муҳим роҳандозӣ гардида ва ҳамаи сохторҳои марбута ба ин кор ҷалб шудаанд. — Мақомоти корҳои дохила ба манзури пешгирии амалҳои ифротгароӣ, террористӣ, ғайриқонунӣ паҳн намудани маводи мухаддир, дуздии моликияти давлатию шахсӣ ва ғайра тадбирҳои мушаххас андешид. Натиҷаи тадбирҳои андешидаамон аст, ки дар чанд соли охир ҷиноятҳои терроризм ва ғоратгарӣ дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта нашудаанд. Соли 2010 дар вилоят нисбат ба соли 2008 – ум 47 ҷиноят камтар ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 593 силоҳи оташфишон мусодира гардид, гуфт Юсуф Назаршоев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






