Турсунзода-арбоби давлатӣ ва шоири ватансаро
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон- Мирзо Турсунзода маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва шоири машҳури миллати тоҷик ба халқу Ватан хизматҳои арзанда карда, аз худ мероси адабии гаронарзиш боқӣ гузоштааст.Ҳамчунин зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ бо талошҳои сулҳхоҳонааш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ шӯҳрат ёфта буд.Сарвари давлат ба аҳли зиё пешниҳод намуд, ки кору пайкори ватандӯстонаи устод Турсунзодаро ҳамчун раҳнамо ва намунаи олии ибрат пазируфта, дар таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.Дар хотима бо иштироки устодон ва ҳунармандони шинохтаи санъат аз эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода барномаи ҷолиби ҳунарӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






