Вақти тарбияи фарзанд расидааст
Хоруғ, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар машварати васеи назди раиси ВМКБ, ки дар он муовинони раиси вилоят, муовинони сарпарасти раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштанд, доир гардида, рафти иҷрои Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки омили асосии костагии фарҳанг дар Бадахшон ин тарбияи сусти оилавӣ аст, зеро волидайн ба тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Муовинони раис вазифадор карда шуданд, ки дар маҳаллот бо падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоянд, бо ҳар як банди қонун онҳоро ошно намоянд, фаҳмонанд, ки масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд дар назди қонун чӣ гуна аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






