Виталий Кличко боксро тарк хоҳад кард.

Октябрь 28, 2011 16:22

 Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Муштзани украинӣ Виталий Кличко, чемпиони ҷаҳон дар вазни вазнин аз рӯи салоҳияти  WBC арз кардааст, ки дар ояндаи наздик боксро тарк хоҳад кард. Ӯ нақша дорад дар ду вохӯрии навбатӣ ширкат кунад. Виталии 40-сола  ба мухлисонаш гуфтааст, ки ба бародараш Владимир, ки аз ӯ 5 сол хурд аст, мухлисӣ намоянд.
 
 Дар ринги касбӣ Кличко дар 45 вохӯрӣ иштирок ва дар 43-тои он ғалаба карда, 40 вохӯриро бо накаут буридааст. Дар бокси ғайрикасбӣ аз 210 зӯрозмоӣ дар 195-тоаш пирӯз шудааст.

Октябрь 28, 2011 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш