Вохӯрии Ҳ.Зарифӣ бо Ён Ҷон-ку
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи нави ваколатдори муваққатӣ оид ба корҳои Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон-куро ба ҳузур пазируфт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқоти доиргардида масоили марбут ба вазъу дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Куриё муҳокима шуданд. Мусоҳибон имконияи беши ҳамкории мутақобилан муфиди миёни кишварҳои дӯст дар бахшҳои саноати сабук, гидроэнергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






