Забон-сарвати маънавии миллат
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 4 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки шоирони ширинбаён Шаҳрия ва Назри Яздон маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфил кормандон дар бораи зарурияти қабули Қонуни мазкур, таърихи дурударози таҳаввулоти забони тоҷикӣ, нақши тамаддунсоз ва мақоми давлатӣ гирифтани он суханронӣ намуданд.Шоирони ширинкалом Шаҳрия ва Назри Яздон зимни суханронии худ зикр карданд, ки гузаштагони мо ин сарвати маънавии миллат- забони тоҷикиро аз ҳама гуна офат эмин дошта, то ба имрӯз ба мо мерос гузоштаанд ва мо низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки он ҳамеша покиза бимонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






