Зафари конибодомиҳо
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз деҳқонони зафарманди ноҳияи Конибодом бо шарофати меҳнати аҳлонаву пурмаҳсул, риояи талаботи агротехникӣ, интизоми хуби меҳнат ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда ба хирмани Ватан беш аз 12 500 тонна пахта рехта, нақшаи солонаро 100, 1 фоиз иҷро намуданд, ки нисбат ба нақшаи соли гузашта 2 500 тонна зиёд мебошад.Дар рӯёнидани ҳосили бобаракати «тиллои сафед» саҳми деҳқонони тамоми хоҷагиҳо, мутахассисону масъулини соҳаи кишоварзӣ, механизаторону чинакчиён ва ҳашарчиён назаррас буда, нақши Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров, Н.Қарабоев, «Патар», «Ирам» ва «Дӯстӣ» басе калон аст.Тибқи иттилои раиси шаҳри Конибом Н. Обидов ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, ҷамъоварии он босуръат идома дорад. Деҳқонон ният доранд, ки 1000 тоннаи дигар пахта супорида, дар оростани хирмани бобаракати пахтаи ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






