Зари сафеди «Зарҳам»
Кӯлоб, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарҳам»-и ноҳияи Кӯлоб соли ҷорӣ бо як силсила хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, иктидори истеҳсолиашро афзуд. Дар корхонаи мазкур ба кори нигоҳдошт ва захираи ашёи хом диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дастгоҳҳои корхона фаъолияти мӯътадил дошта, 95 нафар коргар дар ду баст кор мекунанд ва маоши онҳо ба ҳисоби миёна 480 сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон пахтаи аз хоҷагиҳо воридгардида коркард шуда, нах ва чигит ба хоҷагиҳо баргардонида мешавад. Азбаски кооперативи истеҳсолии «Мирсаид Алии Ҳамадонӣ» хоҷагии тухмипарварӣ аст, коргарони он дар навбати аввал аз корхона навъҳои тухмии хушсифатро барои кишти соли оянда бозпас гирифта, дар анборҳо захира менамоянд. Роҳбарияти корхона мақсад дорад, ки дар ҳудуди корхона якчанд сехи дигарро ба кор дарорад ва барои беш аз 60 нафар сокинони хоҷагӣ ҷойҳои нави корӣ ташкил намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






