Журналистони тоҷик ба Амрико даъват шуданд

Октябрь 3, 2011 16:05

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо  Зунунова). – 4  октябр  дар «Гӯшаи  Амрико» мизи  мудаввари  журналистони  рӯзномаю  маҷаллаҳои  ватанӣ  бо  муҳаррир  ва  асосгузори  маҷаллаи «Азиза» — и  чопи Амрико  Тайиба Тейлор  баргузор  гардид. Дар  ин  бора  ба АМИТ «Ховар»  дар  Сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабар  доданд.Мувофиқи  суханони  манбаъ ин  маҷалла  нашрияи занони  мусулмони  ИМА  буда, соли 2009 дар  бахши  журналистикаи  миллии  этнии  ИМА  мукофот  гирифтааст. Худи  хонум  Тайиба  Тейлор  борҳо  дар  бахши  журналистика  сазовори  мукофотҳои  гуногун   гардида буд.  Тайиба  Тейлор  дар  конфронсҳои  байналмилалии донишгоҳҳои  кишварҳои мухталиф   дар  мавриди  занони  мусулмон  матлабҳои гуногунро ироа  намудааст.

Октябрь 3, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд