10 тонна сӯзишвории дизелӣ барои ағбаи Шаҳристон
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои фаъолияти доимии роҳи автомобилгарди ағбаи Шаҳристон дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар майдончаи қисми ҷанубии нақби Шаҳристон хона — вагони кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ гузошта ва барои фаъолияти кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои навбатдорӣ дар ағбаи Шаҳристон дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2011 — 2012 аз дигар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят техникаву қувваи корӣ ҷалб шудаанд. Ҳамзамон ситоди доимии вилоятӣ ташкил гардида, аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони муассисаи мазкур, масъулини шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки миқдори зарурии маводи ғизоӣ, ангиштсанг, ҳезум, сӯзишвории техникӣ ва 735 метри мукааб маводи зиддилағжиш захира гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо ва ба ағбаи Шаҳристон интиқол гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






