Ғалабаи футболбозони «Истиқлол»
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дастаи «Истиқлол» дар варзишгоҳи Авиатори пойтахт дар доираи чемпионати ҷумҳурӣ дастаи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфта бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад. Дар дақиқаи 34 бозингари даста Дилшод Восиев муваффақ шуд, ки ҳисобро кушояд. Дар нимаи дуюми бозӣ дар дақиқаи 50-ум муҳофизатгари меҳмонон дар ҷаримагоҳ бо дасташ бозӣ кард ва довари вохӯрӣ Диловар Орзуев ба дарвозаи «Хуҷанд» ҷазои 11-метра, пеналти таъин кард. Онро Юсуф Рабиев ба ҳадаф расонид ва вохӯрӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ба поён расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






