Ғалабаи «Зенит» бар «Шахтер»
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Клуби футболи «Зенит» -и Санкт Петербург дар бозии навбатии лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар майдони худ «Шахтер» -и Донетскро бо натиҷаи 1бар 0 мағлуб кард. Ба муҳофизатгари белгиянажоди «Зенит» Николас Ломбертс муяссар шуд,ки дар вақти иловагии қисми аввал баъди зарбаи канорӣ тӯбро моҳирона ба дарвоза ворид кунад. Дар ин гурӯҳ «Апоэл» бар «Порту» бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард.Дар гурӯҳи «Е» «Валенсия» «Баер»-ро 3 бар 1 шикаст дод. «Челси» дар сафар «Генк»-ро мағлуб карда натавонист. Бозӣ мусовӣ 1 бар 1ба поён расид. «Арсенал» дар майдони худ бо «Марсел» дар гурӯҳи «Ф» натиҷаи мусовии 0 бар 0-ро комёб шуд. «Бате» -и Беларус тавонист дар рақобат бо харифи пурзӯри худ «Милан» дар майдонаш натиҷаи дилхохи 1 бар 1 –ро комёб шавад. «Барселона» дар сафар «Виктория» -ро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод. Леонел Месси дар ин вохӯрӣ хет-трик кард. Хатои Криштиан РоналдуДушанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Ҳамлагари датстаи «Реал» и Мадрид Криштиан Роналду ғофилан ба ҳамаи дӯстонаш сурати маҳрамонаи як мухлиси ҳолландиро, ки ба почтаи электрониаш фиристода буд, ирсол кардааст. Ба ҷои он , ки Криштиан номаро аз почтааш хориҷ намояд, тугмачаи «ба дӯстон фирист»-ро пахш кардааст. Собиқ чемпиони мутлақи ҷаҳон Кличкоро ба мубориза даъват мекунад.Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Собиқ чемпиони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс дар вазни вазнин Риддик Боуи амрикоӣ арз кардааст, ки ӯ ба мусобиқаи боксчиён бармегардад ва бародарон Виталий ва Владимир Кличкоро ба мусобиқа даъват мекунад. Аз рӯи иттилои шахси масъули Риддик Боу барои омода кардани ин зӯрозмоӣ тақрибан як сол зарур аст. Боу мусобиқаи охирини худро соли 2008 гузаронидааст. Номзадҳо барои унвон номбар шуданд. Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Номи 23 нафар футболбоз барои ноил шудан ба унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон аз ҷониби Федератсияи футболи ҷаҳон ва маҷаллаи «France Football» эълон гардид. Инҳо — Абидал («Барселона», Франция), Агуэро («Манчестер Сити», Аргентина), Бензема («Реал», Франция), Виля («Барселона», Испания), Даниэл Алвес («Барселона», Бразилия), Езил («Реал», Олмон), Инеста («Барселона», Испания), Касиляс («Реал», Испания), Криштиану Роналду («Реал», Португалия), Месси («Барселона», Аргентина), Мюллер («Бавария», Олмон), Нани («Манчестер Юнайтед», Португалия), Неймар («Сантос», Бразилия), Пике («Барселона», Испания), Руни («Манчестер Юнайтед», Англия), Снайдер («Интер», Ҳолланд), Суарес («Ливерпул», Уругвай), Фабрегас («Барселона», Испания), Форлан («Интер», Уругвай), Хаби Алонсо («Реал», Испания), Хави («Барселона», Испания), Швайнштайгер («Бавария», Олмон), Это’О («Анжи», Камерун) мебошанд. 5 декабр дар ин рӯйхат танҳо номи се бозингар боқӣ мемонад. Номи сохиби «Тӯби тиллоӣ» рӯзи 9 январ дар Тсюрих эълон хоҳад шуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






