Ғолиби лигаи чепионҳои Осиё маълум шуд.
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дар варзишгоҳи Jeonju World Cup Stadium дар ҳузури беш аз 41 000 мухлис вохӯрии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё бо ширкати дастаҳои «Ҷеонбук Ҳундай Моторс» ва «Ал-Садд»-и Қатар баргузор шуд. Вохӯрӣ хеле пуршиддат гузашт .Қисми аввал бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ва қисми дуввум 2 бар 2 ба анҷом расид .Вақти иловагӣ дар ҳисоби бозӣ тағйироте ворид накард. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11- метраи баъди бозӣ футболбозони «Ал-Садд» маҳорати баланд нишон дода, бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба карданд ва соҳиби ҷом шуданд. Дар таърихи футболи Осиё ва Қатар аз дастаҳои ин кишвар бори аввал «Ал-Садд» соҳиби Ҷоми чемпионҳо гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






