Ғолибони озмуни расмҳои наврасон
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон имрӯз, 18 ноябр, дар литсеи «Роҳнамо» натиҷаи озмун барои беҳтарин расмҳои хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Ин чорабинӣ ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шудааст. Мақсад аз озмун воқиф шудан аз ҳаёти мардуми Қазоқистон, сарватҳои ғанӣ, иқтисодиёту фарҳанг ва урфу одати мардуми ин кишвар аст. Хонандагон Парвиз Ҳафизов, Фарангис Боева, Меҳроб Сафаров ва Умед Муродов ғолиби озмун дониста шудаанд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов ба ғолибони озмун тӯҳфаҳо месупорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






