Қочоқчӣ ба мақсад нарасид

Ноябрь 14, 2011 15:16

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 13 ноябри соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Хатлон наздики 4 кг маводи мухаддирро кашф намуданд.  Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрванди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Абдуллоев Файзуллои 24-сола аз тарафи кормандони милиса барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз даруни халтаи селофании ӯ 3 килограмм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд»,-қайд намуд манбаъ. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ноябрь 14, 2011 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд