Қотил дастгир шуд
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Шаҳрванди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Ғаниҷон Ашӯров дар назди бозори марказии ноҳия аз сабаби хусумати пешакӣ бо шаҳрванд Аҳлиддин Ҷононов ҷанҷол намуда, бо корди дасташ як маротиба ба қафаси синаи А.Ҷононов зада, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.Тавре аз маркази матбуоти ВКД кишвар хабар доданд, Ҷононов А. аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст. Гунаҳкори фоҷиа Ғ.Ашӯров дастгир ва аз ӯ далели шайъӣ гирифта шуд»,-қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






