Қотили шаҳрванди Тоҷикистон муайян гардид

Ноябрь 29, 2011 16:42

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳафтаи гузашта ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон дар Русия оид ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон маълумот расидааст. Як зан – шаҳрванди Русия, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, бо телефон занг зада, дархост намудааст, ки ба қазияи мазкур расидагӣ кунанд.Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди президенти ҶТ шаби 25-уми ноябр миёни шаҳрванди Тоҷикистон Зокир Қурбонқулови 31-сола, сокини шаҳри Душанбе ва як шаҳрванди Русия, сокини шаҳри Саранск нофаҳмӣ рух дода, ҷанҷол мешавад. Тахминан соатҳои 21:00 З. Қурбонқуловро бо ҷароҳатҳои корд дарёфт намуда, ба беморхонаи марказии шаҳри Любертси интиқол доданд, ки ӯ дар натиҷаи бардоштани захмҳои корд соати 2-и шаб ба ҳалокат расидааст. Шӯъбаи тафтишотии шаҳри Любертси аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар содир намудани ҷинояти мазкур, сокини шаҳри Саранск гумонбар дониста шудааст. Дар айни замон намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати кӯмак расонидан ба оилаи фавтида тадбир андешида, ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор додааст.

Ноябрь 29, 2011 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад