Қубурҳои таъмирталаб дар шаҳри Сарбанд
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ»Ховар», Меҳрубон Сатторова).-Корхонаи раёсати манзилию коммуналии шаҳри Сарбанд 28 хонаи баландошёнаи кӯчаи Борбадро таъмир намуд.Тавре ки сардори корхонаи номбурда Муҳаммаддовуд Бузмаков иттилоъ дод, 2500 метр сими барқии роҳравҳо низ иваз шуда, қубурҳои обгузари хонаҳо таъмир гардиданд.-Мушкилоте, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, ин иваз намудани қубурҳои обгузари хонаҳои баландошёнае мебошад. ки солҳои 1961 ва 1964 сохта шудаанд. Иваз намудани ин қубурҳо бо маблағи буҷаи ҳукумати маҳаллӣ ғайриимкон буда, барои ин ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст. Таъмини оби нӯшокӣ мушкилии асосии чанд соли охир буд. Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (ЮСАИД) корхонаро бо ду насоси обкаш ва муҳаррик таъмин кард ва таъмини оби нӯшокӣ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардид,-гуфт Муҳаммаддовуд Бузмаков.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






