Ҳафтаи маърифати байналмилалӣ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 14 ноябр дар Маркази фарҳангии «Бохтар» Ҳафтаи маърифати байналмилалӣ оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он ярмаркаи маърифатӣ низ баргузор мешавад. Дар ярмарка Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии «Бохтар», Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази маърифатии «Мултикид» иштирок менамоянд.Дар маросими ифтитоҳи ярмарка намояндаи Вазорати маорифи ҶТ Усмон Бобоев ва роҳбари Шӯъбаи равобит бо аҳли ҷамъияти Сафорати ИМА дар ҶТ Уэсли Робертсон сухан карданд. Ташкили ярмаркаи маърифатиро Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА низ пуштибонӣ намуданд. Мутахассиси бахши равобит бо аҳли ҷамъияти Маркази маърифатии «Мултикид» Артём Гейвандов дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






