Ҳафтаи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд

Ноябрь 22, 2011 10:14

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 18 то 24 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи Парчами давлатӣ эълон шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ идома дорад. Биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, роҳу кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳои шаҳр бо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, шилшилаву байрақчаҳои серанга, шиор ва лавҳаю овезаҳо ороиш меёбанд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар охири ҳафти гузашта дар қуллаи баланди кӯҳи Мевағул аз ҷониби хизматчиёни Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳаҷман калон асту аз тамоми гӯшаю канори Хуҷанд ба чашм мерасад, насб карда шуд. Дар доираи ҳафтаи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот, маҳаллаҳо ва марказҳои фарҳангӣ мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли зиё баргузор мегарданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, роҳпаймоии ҷавонон дар шоҳроҳи Хуҷанд — Ғафуров бо парчами 250-метра ва сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» гузаронида мешаванд. Баргузории чорабиниҳои ҷамъбастии ҳафта 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар назар аст.

Ноябрь 22, 2011 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад