Ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 11 ноябри соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамраалиев бо директори Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула ва намояндаи ҳайат оид ба идоракунии Барномаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда Вилям Фрейем вохӯрӣ намуд.Аз Вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд. Ҳамчунин директори Дафтари кишварии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, тавсеаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида карда ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






