Ҳамкориҳои дуҷонибаи Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2011 17:05

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Раиси Кумитаи саёҳат ва осори таърихии мамлакат волоҳазрат амир Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.Тавре ки аз департаментии иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саёҳат, кофтуковҳои ҳафриётӣ, таъмиру нигоҳдории ёдгориҳои бостоншиносӣ ва мавзӯъҳои дигар мавриди табодули назар қарор гирифтанд.Амир аз ҷумла ишора кард, ки Кумитаи саёҳат ва осори таърихии мамлакат метавонад аз таҷрибаи экспедитсияҳои археологии Тоҷикистон баҳра бигирад. Ӯ афзуд, ки доир ба саёҳат ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти раводид барои шаҳрвандони саудӣ эҷод намекунад ва изҳори умед намуд, ки рағбати онҳо барои сафар ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Ноябрь 23, 2011 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад