Ҳамкории давлатию инфиродӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари намояндагии ширкати молиявии байналмилалӣ Кристофер Миллер ва мушовири калони Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба масоили ҳамкории давлатию инфиродӣ Питер Кайл аз рӯи масъалаҳои муҳим, ҳамчунин ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор барпо гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати молияи кишвар иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои тарҳрезии қонун дар бораи «Ҳамкории давлатию инфиродӣ дар Тоҷикистон» таваҷҷӯҳи хоса доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати ҷалби корхонаҳои калон ва сохибкорони инфиродӣ ба фаъолият дар бахши ҳамкории давлатию инфиродӣ, хамчунин омӯзиши таҷрибаи кори кишварҳои дигарро дар ин самт таъкид намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






