Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Исроил мулоқот намуд
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири ғайримуқими давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хилел Нюман мулоқот намуд.Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Исроилро қабул намуд. Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳо арзёбӣ ёфта ва таъкид шуд, ки ҷонибҳо диққати худро бештар ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо ҷалб намоянд. Ҳ. Зарифӣ таъкид сохт, ки соҳаҳои кишоварзӣ, тиб, энергияи барқароршаванда ва технологияҳои нав самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ миёни ду кишвар шуда метавонад. Дар барқарор ва рушди ин муносибатҳо ҷамъиятҳои яҳудиёни тоҷикистонӣ, ки дар Давлати Исроил даҳҳо ҳазорро ташкил медиҳанд, ба ҳайси купрӯки зинда хизмат карда метавонанд, тазаккур дод ҷаноби Х. Нюман.Х.Нюман қайд намуд, ки баҳри рушди муносибатҳо тамоми ҷидду ҷаҳд ва малакаашро равона хоҳад кард.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






