Ҳаво дар рӯзи идҳо офтобист ё боронӣ?

Ноябрь 4, 2011 15:41

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар рӯзи таҷлили идҳои  фархундаю муборак -Рӯзи қабули Конститутсия ва иди саиди Қурбон, ки  ба 6 ноябр рост  меоянд ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин рӯз  ҳаво дар вилояти Хатлон 15-20 дараҷа гарм,  дар Суғд 10-15, дар ноҳияҳои тобеи марказ 12-17, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8-13 дараҷа гарм ва дар  Шарқи ВМКБ аз як дараҷа хунук то 4 дарҷа гарм мешавад. Ҳаво дар пойтахт –шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлили идҳо 15-17 дараҷа гарм мешавад.Бино ба иттилои Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи  Муассисаи давлатии пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ дар санаи  7 ноябр ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйир ёфта, боришот ба амал меояд. 8 ноябр бошад  боришот бо вазидани шамол шиддат ёфта,  дар натиҷа дар водиҳо борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳамзамон, ҳарорати ҳаво аз 8- то 10 ноябр дар ҷумҳурӣ паст мефарояд.

Ноябрь 4, 2011 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш