Ҳавопаймои «Бобоҷон Ғафуров»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти ширкати «Сомон Эйр», панҷумин ҳавопаймои ширкати мазкур номи Бобоҷон Ғафуровро гирифт. Чор ҳавопаймои қаблӣ бо номи дигар қаҳрамонони Тоҷикистон — Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Шириншо Шотемур номгузорӣ шудаанд.Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои нави «Боинг – 737 – 900 ЕR», ки бо фармоиши ширкати «Сомон Эйр» дар корхонаи шаҳри Сиэтли ИМА сохта шудааст, дорои 184 ҷойи нишаст мебошад. Ҳавопаймо барои хатсайрҳои масофаашон дур пешбинӣ шудааст.Айни замон тавассути хатсайрҳои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба 17 давлату шаҳрҳои калонтарини Осиёву Аврупо интиқоли мусофирон ба роҳ монда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






