Ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Темурмалик
Кӯлоб, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик дар давоми 10 моҳи соли 2011 дар ҳамаи самтҳои фаъолият 401 санҷиш гузаронида, корхонаю ташкилот ва 60 нафар шаҳрвандро ба маблағи 5425 сомонӣ ҷарима намуд ва аз он 4 170 сомониаш рӯёнида шудааст. Барои ҷамъоварӣ, интиқол ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдор дар худуди ноҳия нуқтаҳои қабул ташкил шудаанд, ки дар онҳо лампаҳои аз истифода баромада ҷамъоварӣ гардидаанд.Фаъолияти бахши ҳифзи муҳити зист дар самти иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ чашмрас буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва идораву ташкилот даҳҳо боғҳои нав бунёд кардаанд, дар ду паҳлӯи роҳҳои мошингард дарахтони ороишию сояафкан шинонидаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






