Ҳисори шодмон таърихи бостонӣ дорад

Ноябрь 25, 2011 15:43

Ҳисор, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ба суолҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» шоир ва нависандаи мумтоз, узви Иттифоқи нависандагон, сардабири маҷаллаи «Маорифи Ҳисор», муовини мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор устод Султонмуроди Одина «Дар бораи пайдоиши номи Ҳисори Шодмон чӣ гуфта метавонед?», «Ҳисор дар давраҳои қадим чӣ ном дошт?» ва «Баъдтар дар ин мавзеъ кадом давлатҳо арзи ҳастӣ доштанд?» чунин посух дод: “Вақте ки дар бораи таърихи қадимтарину қадим ва умуман дар бораи даврони таърихии ин ё он кишвар сухан меравад, бояд дар назар дошт, ки дар давраҳои гуногун водию мамлакатҳо ва давлату халқиятҳо дар ҳудуде мавҷуд буданду мезистанд, ки аз мафҳуми имрӯзаи ҳудуди мамлакатҳо ба куллӣ фарқ доштанд. Масалан, Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони таърихӣ билкул фарқ дорад. Он ҳудуде, ки тоҷикон зиндагӣ мекарданду давлатдорӣ доштанд, имрўз дар ҳайати мамлакатҳои гуногун дохил аст. Аз ин ҳукми таърих сарфи назар кардан ва дар навбати худ онро нодида гирифтан аз рӯйи адолати таърихӣ нест. Таърих бояд ончунон ки буд ва ҳаст, омӯхта шавад. Ба водии Ҳисор ҳам чархи таърих он қадар ҳукми худро раво дидааст, ки агар ба гузаштаи дуру наздики он бо чашми таҳқиқу ҳақиқат нигарем, мебинем, ки ин водии зархез дар давраҳои муайян ба ҳайати давлатҳои гуногун шомил буда, гоҳо ҳокимияти мустақил дошта, гоҳо дар зери тасарруфи абарқудратҳои давр монда ва гоҳо ҳудуди он то Балху Бухоро, Тирмизу Дарвоз расидааст. Гоҳо чанд мавзеи аҳолинишинро дар бар мегирифтааст. Пеш аз он, ки дар бораи таърихи ин водӣ сухан ронем, як назаре ба гузаштаи дури он мефканем. Олимон собит сохтаанд, ки дар водии имрӯзаи Ҳисор аз қадимулайём ориёиҳо зистаанд ва ҳудуди он яке аз ҳафт кишвари таърихиро ташкил медодааст. Ин кишварро дар сарчашмаҳои қадимаи Ҳинд Кумит (Кумот, Гемидо, Кумид, Кумед) номидаанд ва ба ҳайати Тахористони қадим дохил мешудааст. Кишвари Кумӣ ва ё Гомедо поёни водии имрӯзаи Қаротегин, мавзеъҳои Норак, ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва Қаротоғро дар бар мегирифтааст. Ин кишвар дар асрҳои 9 -6 то мелод мавҷуд будааст. Дар ин сарзамин кӯҳҳои Суман ё Сумана мавҷуд будааст. Маънои калимаи суман (ё сумана) дар забони санскритӣ зебо, нозанин, дилрабо, номи гул (ёсуман), ҳусн, доно, болидарӯҳ, хурсанд, некӯ, шодмон, зебочеҳра, хушбахт, некӣ, шинохташаванда, пиндори нек ва ғайра будааст. Номи кишвари Кумито (Гомедо) то асрҳои 7 -10 мелодӣ маълум буда, сипас шакли баргаштаи он Суман бо тарзи Шуман, Шумон, номи ин водӣ шудааст. Ин ном, яъне Шумон дар ҳамон давраи қадимтар ба Занду Позанди “Авесто” дохил гашта, бо маънои дӯнгии пешонӣ, баландӣ номи кишвар шудааст. Бо мурури вақт ва чархи таърих номи Шумон бо шакли Ҳисори Шодмон имрӯз як ибораи рехта гашта, номи диёри зархезро ифода мекунад. Дар ин мулк дар давраҳои қадим давлатҳои Чағониён, Аҳорун ва Ҳамоварон мавҷуд будаанд. Номи давлати каёнии Ҳамоварон аз даврони подшоҳии Қайқубоду Кайхусрав то асрҳои 8 – 10 мелодӣ мавҷуд ва маъруф будааст. Калимаи Ҳамоварон аз давлатдории аз онҳо ҳам қадимтари Самварон (Шамбарон) пайдо шудааст, ки аз он вожа имрӯз калимаи Шамбарӣ дар Ҳисори Шодмон нишона аст. Пойтахти давлати Ҳамоварон шаҳри Шоҳа будааст, ки номи деҳаи Шоҳон аз он давраҳо то ба мо расидааст”.

Ноябрь 25, 2011 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад