Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат зиёд мегардад
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бақияи қарзҳо то 1 октябри соли ҷорӣ 34,1 фоиз зиёд шуда, 4,6 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он 22,7 фоиз ё 2,1 млрд. сомонӣ ба қарзҳо бо пули миллӣ ва 45,8 фоиз (2,5 млрд. сомонӣ) бо асъори хориҷӣ рост меояд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 67,3 фоизро (3,1 млрд. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 32,7 фоизро (1,5 млрд. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат тадриҷан зиёд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 фоизро ташкил менамояд. Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,1 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 22 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,3 ва 1,4 банди фоизӣ кам мебошад. Қарзҳои хурди додашуда низ бо баланд гардидани сатҳи талабот, дар моҳҳои январ-сентябр рушд ёфта, 1,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36,6 фоиз зиёд аст. Аз ин маблағ 394,8 млн. сомонӣ қарзи хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,5 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






