Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат зиёд мегардад

Ноябрь 3, 2011 11:00

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бақияи қарзҳо то 1 октябри соли ҷорӣ 34,1 фоиз зиёд шуда, 4,6 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он 22,7 фоиз ё 2,1 млрд. сомонӣ ба қарзҳо бо пули миллӣ ва 45,8 фоиз (2,5 млрд. сомонӣ) бо асъори хориҷӣ рост меояд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 67,3 фоизро (3,1 млрд. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 32,7 фоизро (1,5 млрд. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат тадриҷан зиёд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 фоизро ташкил менамояд. Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо  дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,1 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 22 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,3 ва 1,4 банди фоизӣ кам мебошад. Қарзҳои хурди додашуда низ бо баланд гардидани сатҳи талабот, дар моҳҳои январ-сентябр рушд ёфта, 1,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36,6 фоиз зиёд аст. Аз ин маблағ 394,8 млн. сомонӣ қарзи хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,5 фоиз зиёд мебошад.  

Ноябрь 3, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад