Ҳолати кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон дар Суғд

Ноябрь 2, 2011 17:23

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кишоварзони вилояти Суғд дар мавсими имсола ба нақша гирифтаанд, ки дар майдони 34 ҳазору 500 гектар  ғалла ва дар майдони 1029 гектар сабзавоти барвақтӣ кишт намоянд.Айни ҳол ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 61,2 ва 100,5 фоиз амалӣ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ ба кормандони ташкилоту идораҳо бо нархи нисбатан арзон дастрас намудани маводи ғизоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.  Мавриди ёдоварист, ки дар марказҳои шаҳрҳои саноатии вилоят то имрӯз 10 маротиба ярмарка ташкил карда, зиёда аз 3800 тонна маҳсулоти нисбат ба нархи миёнаи бозор 20-30 фоиз арзон   пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.Дар хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баҳри таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз тарафи Иттифоқи матлуботи вилоят то имрӯз 2480 тонна картошка, 4100 тонна сабзавот, 440 тонна меваи тар, 430 тонна полезиҳо ва 657 тонна ғалла захира   шудааст.

Ноябрь 2, 2011 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад