Ҳунармандон зидди хушунату зӯроварӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» бо дастгирии молиявии Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи нуфузи аҳолӣ (UNFPA) дар доираи маъракаи «16 рўз алайҳи зӯроварии гендерӣ» ду барномаи консертии сурудҳои миллӣ ва мусиқии муосирро бо иштироки беҳтарин овозхонҳои кишвар: Қобилҷон Зарипов, Ҳасани Ҳайдар, Нигина Амонқулова, Зиёвиддини Нурзод, Азалия Галиаҳмадова ва гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ба нақша гирифтааст. 10 ноябри соли 2011 дар ноҳияи Ҳисор чорабинии аввал баргузор гардид. Идомаи ин иқдом пагоҳ, 15 ноябри соли 2011 дар шаҳри Қурғонтеппа дар назар аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






