Ҳурмати пиронро ба ҷо орем
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар арафаи Иди Қурбон собиқадорони меҳнат, ходимони намоёни сиёсӣ ва давлативу ҷамъиятиро аёдат карда, онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон табрик гуфта, дастовезҳои идона тақдим намуд. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар рӯзҳои ид роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша пирони кор, маскунони Хонаи маъюбон, Хонаи ятимон, мактаб – парваришгоҳи махсус, кӯдакистонҳои маъюбони модарзодро аёдат намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






