Ҷаласаи 8 — уми Шўрои назди Президенти ҶТ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ

Ноябрь 8, 2011 14:01

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи 8 — уми Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  баргузор гардид, ки дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.Дар ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 6 – ум ва 7 – уми шўро, масоили вобаста ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ», тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ ва масъалаи ба низом даровардану кам кардани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ шуд.Пас аз гузориши Котиби масъули Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шўро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад.Дар муҳокима ва баррасии масоили мазкур Муовини роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Никола Гюгас, Роҳбари Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ҷоҷи Токеши,  Роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, Раиси Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, Роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон Некрўй Забиров, Директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ Далер ҷумаев, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ибодулло Неъматов, Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер ва Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаою Жао иштирок намуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмўъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон.Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд. Ин масъаларо Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дастур дод, ки он дар муддати кўтоҳ омўхта ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда шавад.Пешниҳодҳои зиёди дигар низ ба миён гузошта шуд, ки дар маҷмўъ ба беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қабули қонунҳои нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ нигаронда шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ ҳамаи таклифу пешниҳодот ва эродҳои садододаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои табиқи амалии андешаҳои судбахш ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 8, 2011 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад