Ҷамъоварии картошка дар вилояти Хатлон анҷом ёфт
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, картошкапарварони вилояти Хатлон ҷамъоварии картошкаро дар майдони 3 ҳазору 163 гектар ба охир расониданд. Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ин вилоят аз майдони 3163 гектар 53 ҳазору 643 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 78 фоизи дурнамо мебошад. Картошкапарварони вилоят дар ин соҳа чандон муваффақ нестанд. Соли ҷорӣ дар вилоят ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар ба 169 сентнер расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ 1 сентнерӣ зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






