Ҷараёни компютеркунонӣ дар кадом навоҳии Суғд дар сатҳи паст аст?
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 мактабҳои вилояти Суғд бо 5 ҳазору 906 адад компютери ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, 924 синфхонаи компютерӣ ба шабакаи Интернет пайваст мешавад. Дар ин ҳолат ба ҳар 15 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як адад компютер рост меояд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон муассисаҳои таълимӣ бо 1 ҳазору 163 адад компютер таъмин шуданд, ки 155,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.Ҷараёни татбиқи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, он дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 22, 5 фоиз, Ғончӣ 45, 5 фоиз, Ҷ.Расулов 67,5 фоиз иҷро шудаасту халос.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






