Ҷойҳои нави корӣ дар Шӯроб
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Моҳи декабри соли равон барои 80 нафар сокиноне, ки аз ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурхи ноҳияи Исфара ба ҷамоати Шӯроб кӯчонида шуда буданд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд. Тавре мутахассиси лоиҳаи Барномаи рушди СММ Зумрад Норматова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сохтмони коргоҳҳои нав дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ҷилавгирӣ ва коҳиш додани бархӯрдҳо дар водии Фарғона» бо дастгирии ҳукумати Норвегия якҷоя бо намояндагони мақомоти давлатии кишвар имконпазир гардид. Аз оғози соли 2012 дар ин ҷо коргоҳҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ ва дуредгарӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Коргоҳҳои нави ҷамоати Шӯроб бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Ҳоло корҳо барои бунёди аввалин корхонаи кучак идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






