16 рўз алайҳи зӯроварии гендерӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи нуфузи аҳолӣ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 15 ноябри соли равон чорабинии «16 рўз алайҳи зӯроварии гендерӣ» -ро доир намуда истодааст.Маърака тӯли 16 рӯз дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилотҳо бо мақсади амалисозии стратегияе, ки тамоми шаклҳои зӯровариро маҳкум месозад, гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин иқдом дар канор нест. Ин давраи 16 рӯза дигар санаҳои муҳим, аз ҷумла 25 ноябрро ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон, 10 декабрро Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 1 декабрро чун рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД дар бар мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






