31 ҳазору 538 гектар ғалла ҷамъоварӣ нашуд

Ноябрь 15, 2011 09:40

Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ то 14 ноябри соли 2011 аз 300 ҳазору 213 гектар замини кишти ғалла ҳосили 261 ҳазору 728 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки 96,7 фоизи кишти умумии ғалларо ташкил медиҳад. Ҳосили 257 ҳазору 111 гектари он кӯфта гирифта шуда, ҳосили 43 ҳазору 102 гектар ҳанӯз ҷамъоварӣ нашудааст. Дар сурати аз ҳар як гектар гирифтани 21 сентнерӣ ҳосил имкони ба даст овардани 9 ҳазору 514 тонна ғалла вуҷуд дорад, аммо ҳанӯз маълум нест, ки рӯзҳои боронии тирамоҳ ба ин имконият медода бошанд. Ба иттилои манбаъ, дарави ғалла дар вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшон пурра анҷом ёфта бошад ҳам, дар вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ғаллаи 31 ҳазору 538 гектар ҳанӯз дарав нашудааст.

Ноябрь 15, 2011 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад