5 ноябр-Рӯзи театри тоҷик
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-5 ноябр дар театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Тибқи анъана дар ин чорабинӣ роҳбарони театрҳои драмавӣ, мусиқӣ-мазҳакавӣ, таҳиягарон, ҳунармандон ва кормандони фарҳанг иштирок мекунанд. Дар қисмати расмии чорабинӣ маросими тӯҳфасупорӣ доир мешавад, ки зимни он вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба зиёда аз 100 нафар ҳунарманд ва корманди театрҳои ҷумҳурӣ нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», ифтихорнома ва мукофоти пулӣ месупорад. Бахшида ба рӯзи театр бори аввал ба тамошобинон намоишномаи нави театри ҷавонони пойтахт ба номи М. Воҳидов «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» дар таҳияи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров намоиш дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки нақшҳои асосии намоишномаро ҳунармандони боистеъдоди театр Ҳотами Равшан, Ниёзмат Мӯсоев, Абдумӯъмин Шарифов ва дигарон иҷро менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






