Ағбаи Сағирдашту роҳи Душанбе-Хоруғ бастаанд

Ноябрь 1, 2011 15:51

Душанбе, 1 ноябр (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳи Додо).- Чанд рӯз аст, ки саросари вилоят борони шадиде меборад. Бар асари боришоти зиёд аз кӯҳҳо сангҳои азиме канда мешаванду, барои сокинони деҳот хатари калонеро ба бор меоранд. Дар навоҳии болооби дарёи Панҷ сангҳои калони аз кӯҳ афтода ҷо-ҷо роҳро муваққатан маҳкам мекунанду техникаи роҳсозӣ боз роҳро мекушояд. Тавре навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ҳифзи шаҳрвандон ва танзимгари Идораи роҳсозии вилоят Гавҳаршоҳ Ошӯров иттилоъ дод, дар ағбаи Сағирдашт баробари 40 сантиметр барф борида, роҳи ағба баста шудааст. Дар деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ бар асари аз кӯҳ канда шудани харсангҳо аз пагоҳӣ боз роҳи Душанбе-Хоруғ баста аст.Барои тоза кардани роҳ техникаи роҳсозӣ истифода мешавад.

Ноябрь 1, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад