Афғонистон наметавонад дар танҳоӣ таҳдиди афзояндаро бартараф намояд
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 2 ноябри соли 2011 дар Қасри таърихии Чирагани шаҳри Истанбул Конфронс оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» баргузор гардид.Бо суханҳои ифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай Конфронсро кушода эълон намуданд.Абдулло Гул дар назди ҳозирин перомуни мушкилоти мавҷудаи Афғонистонро гуфт, ки он на танҳо ба субот ва амнияти худи Афғонистон, балки ба авзои тамоми минтақа таъсир мерасонад ва ин мушкилот аз терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иборат мебошад. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон наметавонад дар танҳоӣ таҳдиди афзояндаро бартараф намояд. Барои рафъи мушкилиҳои мавҷуда натанҳо к ҷидду ҷаҳди муштараки ишварҳои минтақа, балки чунин ташкилотҳои байналхалқӣ, аз қабили Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СВМДА, СҲШ ва СААРК зарур аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






