Афсар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як афсари қисми низомии марзбонии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расид.Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Корандо», командири 26-солаи взводи сеюми таъиноти фаврии гурӯҳи мобилӣ Фаррухҷон Муллоев ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Сармантой ба самти маркази ноҳия қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба тарафи чапи роҳ баромада ба девор бархӯрдааст.«Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ Ф. Муллоев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст»,-афзуд манбаъ.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






