Академияи кишоварзӣ самараи истиқлолият аст

Ноябрь 10, 2011 16:49

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Академияи кишоварзӣ соли 1991 ташкил ёфт, ки он самараи истиқлолият аст. Мақсад аз таъсиси он баланд бардоштани самарабахшии тадқиқоти илмӣ, беҳтар намудани таъминоти илмии соҳаҳои муҷтамаи агросаноатӣ ва баланд бардоштани саҳми илми аграрӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Натиҷаи корҳои таҳқиқотии олимон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  ба таври васеъ татбиқ мегардад. Аз ҷумла навъҳои рӯёнидаи пахтаи маҳиннахи олимони тоҷик 100 ва миёнанах   70 фоизи майдони умумии кишти пахтаро дар бар мегирад.Ба гуфти академик Ҳ. Аҳмадов, соли ҷорӣ зироати лӯбиёӣ, ғалла ва равғандиҳанда, ки олимон дар давоми 20 соли истиқлолият офаридаанд, дар истеҳсолоти кишоварзӣ пурра истифода мешаванд. Олимон дар давоми 20 соли истиқлолият маҷмӯъан 110 навъи зироатро рӯёнида, ба истеҳсолот пешниҳод намудаанд.

Ноябрь 10, 2011 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад